- қабат
- [قبت]т1. ҳар табақаи чизҳои болои ҳам ҷойгиршуда, табақа, қат: чор қабат кӯрпача, се қабат ҷома, як қабат хок; як қабат пӯст (қабати бадан) пардаи пӯсти бадан2. нум. даста, комплект: як қабат куртаву лозимӣ, чор қабат кӯрпаву болишт3. гуфт. табақа, ошёна (-и иморат); аз қабати… аз байни…, аз миёни…: аз қабати абрҳо, аз қабати борони тир, аз қабати туман, аз қабати ангуштон; ба қабати… а) ба даруни…: ба қабати абр даромадани офтоб; б) ба таги…, ба зери…: ба қабати бистар даромадан, ба қабати замин даромадан; дар қабати… дар миёни…, дар байни…, андаруни…: дар қабати кӯрпа, дар қабати китобу коғазҳо, дар қабати ду нон…; қабат ба қабат // қабатқабат а) якчанд қабат, қабатҳои зиёд; қабати ғафс; б) болои ҳам, боло-болои ҳам, яке рӯи дигаре; қабат ба қабати… а) тамоми қабатҳои…; ҳамаи қишрҳои…; б) дарун ба даруни…◊ қабат-қабат гӯшт гирифтан аз шодию хурсандӣ рӯҳбаланд шудан, аз ниҳояти шодмонӣ болидан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.